Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳомоти нав алайҳи Ҳоҷӣ Ҷумъахон


Додситонҳои Амрико алайҳи нафаре, ки ба қасди таъмини молии аъмоли террористии Толибон муттаҳам мешавад, иттиҳомоти нав эълон карданд. Додситонҳои федеролӣ дар Ню-Йорк акнун Ҳоҷӣ Ҷумъахонро ҳам ба наркотерроризм ва ҳам ба талоши таъмини молии терроризм муттаҳам мекунанд. Тибқи айбномаи расмии мақомоти Амрико, Ҳоҷӣ Ҷумъахон дасти кам аз соли 1999 раҳбари як шабакаи байналмилалии қочоқи афюну морфин ва ҳероин буд, ки ба қочоқи маводи мухаддир аз вилоёти Ҳилманду Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон муттаҳам мешавад.
XS
SM
MD
LG