Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳургарон дар Тифлис зиёд мешаванд


Тарафдорони гурӯҳҳои мухолифи давлат дар Гурҷистон аз навоҳии гуногун ба шаҳри Тифлис рафтаанд, то дар тазоҳурот ба зидди Михайил Саакашвилӣ - раиси ҷумҳури ин кишвар ширкат кунанд. Тазоҳургарон хоҳони истеъфои Михайил Саакашвилӣ ҳастанд. Ба гузориши хабаргузории Ассошиейтед Пресс, корвоне аз 600 мошини саворӣ, мусофирбарҳои хурд ва автобус шаби чаҳоршанбе аз манотиқи ғарбии Гурҷистон вориди Тифлис шудааст. Ин афрод ба издиҳоми 30 ҳазор нафарӣ дар назди порлумони Гурҷистон пайвастаанд. Раҳбарони мухолифин мегӯянд, то замоне, ки Михайил Саакашвилӣ аз қудрат канорагирӣ накунад, аз тазоҳурот, ки 9 апрел шурӯъ шуд, даст намекашанд.
XS
SM
MD
LG