Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори ҳазорон аз маҳалли ҷангҳо дар Шрӣ-Ланка


Вазорати дифоъи Шрӣ-Ланка мегӯяд, дар пешорӯи омодагии нирӯҳои артиш ба набарди ниҳоӣ алайҳи чирикиҳои ҷудоиталаби Тамил Тайгер наздики 82 000 нафар аз маҳалли задухӯрдҳо дар шимоли кишвар фирор кардаанд. Фирори мардум рӯзи душанбе дар пайи аз сӯи нирӯҳоии давлат ишғол шудани як нуқтаи муҳим дар шоҳроҳи асосии шимоли Шрӣ-Ланка, ки ҳанӯз таҳти назорати чирикиҳо қарор дорад, оғоз ёфт. Чирикиҳо ҷониби давлатро дар тирандозӣ алайҳи мардуми ғайринизомӣ айбдор мекунанд. Ҷониби давлат аммо чирикиҳоро муттаҳам мекунад, ки аз мардуми осоишта барои худ сипар сохтаанд ва онҳоро намегузоранд, аз маҳалли ҷанг фирор кунанд. Чирикиҳои тамил тайи беш аз 20 сол бо талаби истиқлолияти шимоли умдатан тамилнишини Шрӣ-Ланка муборизаи мусаллаҳона мебаранд.
XS
SM
MD
LG