Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуввияти омили сӯиқасд дар Исфара ошкор шудааст


Рауф Юсуфов, раҳбари идораи умури дохилаи вилояти Суғд мегӯянд, ҳуввияти нафаре, ки афсари милиса Боир Юлдошевро дар шаҳри Исфара аз туфангча захмӣ кард, мушаххас шудааст. Генерал Юсуфов ба далели халал наовардан ба ҷараёни тафтишот аз ифшои исми нафари муттаҳам худдорӣ кард, вале гуфт, сӯиқасд ба ҷони майор Юлдошев дар ҳоле сурат гирифт, ки мақомоти интизомӣ дар минтақа ба таъқиби 25 нафари мансуб ба Ҳаракати исломии Узбакистон пардохтаанд. Боир Юлдошев рӯзи ҷумъа дар назди бозори марказии шаҳри Исфара ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт ва аз пешонӣ ва миёнаш тир хӯрд.
XS
SM
MD
LG