Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз дар як нишасти матбуотӣ хабари дар миёнаҳои моҳи апрел дар масҷиди Умари Форуқи Душанбе боздошт шудани 124 пайрави “Ҷамоаи таблиғ”-ро таъйид кард ва гуфт, аксари кулли боздоштшудагон озод шуда, дар қиболи 4 нафараш парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Оқои Қаҳҳоров аммо хабарҳо дар бораи таҳти ҳабси хонагӣ қарор доштани вазири пешини умури дохилӣ Муҳаммадназар Солеҳовро радд кард ва гуфт, ин хабар воқеъият надорад.