Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боучер рӯзи 20 апрел ба Душанбе меравад


Ричард Боучер, ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи ҷанубиву марказӣ, рӯзи 20 апрел аз Тоҷикистон дидан мекунад. Баррасии ҷузъиёти тавофуқи миёни Душанбеву Вошингтон, ки истифодаи қаламрави Тоҷикистон барои транзити молҳои ғайринизомӣ ба Афғонистонро иҷозат медиҳад, як ҳадафи ин сафар хоҳад буд. Ричард Боучер рӯзи чоршанбе ин мавзӯъро дар Ишқобод бо раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов низ баррасӣ кард. Боучер дар Ишқобод гуфт, маъмурияти нави Барак Обама рӯи кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкиди бештар мекунад.
XS
SM
MD
LG