Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RSF ҳукми Роксана Собириро маҳкум кард


Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” 8 сол ҳукми зиндони хабарнигори эронитабори амрикоӣ Роксана Собириро "ғайримунсифона" номид ва маҳкум кард. Додгоҳи Эрон Собириро дар ҷосусӣ муҷрим шинохт. Ризо Собирӣ, падари Роксана, гуфт, мақомот Роксанаро бо фиреб ба эътирофи гуноҳ моил кардаанд ва духтари вай гумон дошт, ки агар ҳамкорӣ бикунад, раҳо хоҳад ёфт. Роксана Собирӣ моҳи январ бо иттиҳоми харидани машруб боздошт шуда, баъдан ба фаъолияти бидуни муҷавизи хабарнигорӣ ва ниҳоятан ба ҷосусӣ айбдор шуд.
XS
SM
MD
LG