Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи хунини интиҳорӣ дар Оракзай


Ҳамлаи маргталабона бо истифода аз мошини бамбгузоришуда, ки рӯзи шанбе алайҳи нирӯҳои амниятии Покистон дар минтақаи қабиланишини Оракзай дар шимолу ғарби ин кишвар, анҷом шуд, 20 кушта бар ҷой гузошт. Маргталаб як корвони низомиро дар наздикии як посгоҳ дар минтақаи Оракзай, ки аз пойгоҳҳои ҷангиёни толиб шинохта мешавад, ҳадафи ҳамла қарор дод. Рӯзи 1 апрел дар натиҷаи як ҳамлаи мушакии зоҳиран нирӯҳои Амрико дар Оракзай 14 нафаре, ки гумон мерафт, аз ҷангиён бошанд, кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG