Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роксана Собирӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи Эрон хабарнигори эронитабори амрикоӣ Роксана Собириро дар ҷосусӣ муҷрим шинохт ва, ба гуфтаи вакили мудофеъ ва пайвандонаш, ӯро ба 8 соли зиндон маҳкум кард., Собирӣ, ки ба ҳайси хабарнигори озод барои як силсила расонаҳо, аз ҷумла радиои миллии Амрико, кор мекард, моҳи январ боздошт ва рӯзи 13 апрел ба додгоҳ эҳзор шуд. Собириро ибтидо ба фаъолият бидуни хатти муҷавиз муттаҳам мекарданд, вале баъдан ӯ ба ҷосусӣ айбдор шуд. Абдулсамад Хуррамшаҳӣ, вакили Роксана Собирӣ гуфт, ки ӯ бознигарии ҳукми муваккилашро аз додгоҳи таҷдиди назар тақозо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG