Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти бародари собиқ вазири дохилаи Тоҷикистон


Имрӯз Тағойназар Солиев, бародари собиқ вазири умури дохилаи Тоҷикистон , бо гумони содир кардани ҷинояти сангин боздошт шуд. Ба иттилоъи хабаргузориҳои маҳаллӣ, додситонии шаҳри Душанбе алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Тафтишот собит намуд, ки Тағойназар Солиев моҳи декабри соли 1999 дар ҳоли мастӣ аз автомати Калашников, ки ғайриқонунӣ дар манзилаш нигоҳ медошт, бародари завҷааш Далер Фозилов, корманди шӯъбаи милисаи ноҳияи Исмоли Сомониро ҳадафи тир қарор дод. Тағойназар Солиев то рӯзҳои ахир ба терминали гумруки шаҳри Душанбе раҳбарӣ мекард.
XS
SM
MD
LG