Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёт дар Чеченистон хотима ёфтааст


Русия ба амалиёти тӯлонии ба қавли мақомот "зиддитерористӣ" алайҳи ҷудоихоҳон дар Ҷумҳурии Чеченистон хотима додааст. Кумитаи миллии зиддитерористӣ эълом кард, ки ин амалиётро бо дастури раиси ҷумҳур Дмитрий Медведев хотима додаанд ва ҳадаф аз он истиқрори бештари субот дар Чеченистони ноором аст. Як моҳ пеш аз ин Дмитрий Медведев гуфт, беҳбуди вазъи амниятӣ дар минтақа, имкон додааст, то меъёрҳои сахти назоратӣ, аз ҷумла қуюди шабгардӣ, посгоҳҳо дар роҳ ва кофтуковҳои пай дар пай аз байн бардошта шавад.
XS
SM
MD
LG