Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Таиланд мегӯяд, беназмиҳо хотима ёфт


Сарвазири Таиланд, Абиҳист Веҷаҷива ба шабакаи Би-Би-Сӣ гуфт, нерӯҳои давлатпас аз ду рӯзи даргириҳои хушунатомез бо эътирозгарони зиддиҳукуматӣ назорати Бангкок, пойтахти кишварро ба даст оварданд. Дар ин даргириҳо бо тарафдорони сарвазири барканоршуда Таксин Шиноватра ду эътирозгар кушта шудаанд. Сарбозон ва полис ҳангоми беназмиҳо ва ҳамлаҳои тазоҳуркунандагон ҳам ба ҳаво ва ҳам ба эътирозгарон тир кушоданд. Дар натиҷа зиёда аз 70 мӯътариз захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG