Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин талаби истеъфои Саакашвилиро доранд


Имрӯз даҳҳо ҳазор эътирозгарон дар хиёбонҳои марказии Тифлис бо талаби истеъфои Михаил Саакашвилӣ раҳпаймоӣ карданд. Тибқи хабарҳо, дар беруни сохтмони парлумон дасти кам 60 ҳазор нафар гирди ҳам омаданд. Раҳбарони мухолифин таҳдид карданд, ки ҳар рӯз то замони ба истеъфо рафтани Михаил Саакашвилӣ раҳпаймоӣ хоҳанд кард. Онҳо президентро дар инҳисори қудрат ва хафакунии ислоҳоти дар "Инқилоби садбаргҳо"-и соли 2003 ваъдашуда, ки Саакашвилиро сари қудрат овард, муттаҳам карданд. Ираклӣ Аласаниа, раҳбари эътилофи "Барои Гурҷистон" имрӯз дар намоиши зиддиҳкуматӣ гуфт:

"Саакашвилӣ ваъда дод, ки ба кишвар шукуфоӣ меорад, аммо он чи ки мо ҳоло мебинем, бекорӣ ва иқтисоди дар ҳоли рукуд мебошад. Мардум дигар ингуна зиндагиро пеш бурда наметавонанд".

Баъди ҷанги Гурҷистон бо Русия августи порсол мавҷи эътирозҳо аз раҳбарии Саакашвилӣ боло гирифта президент дар тарзи нодурусти бархӯрд бо ҷанг муттаҳам шуд.
Эътирозҳои имрӯзаи Гурҷистон бо 20-умин солгарди саркӯби тазоҳуроти Тифлис аз ҷониби артиши шӯравӣ мувофиқ омад, ки 16 нафарро кушта бар ҷой гузошта буд. Полис иддаои мухолифинро рад кард, ки онҳо гӯё дар тӯли шаби гузашта 60 фаъоли мухолифинро боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG