Раиси иттиҳодияи "Роскосмос"-и Русия, Анатолий Перминов имрӯз гуфт, Қазоқистон тасмим гирифтааст, ба иллати вазъи иқтисодияш кайҳоннаварди худро ба Истгоҳи байнулмилалии кайҳонӣ нафиристад. Қарор буд, парвози кайҳоннавард дар моҳи сентябри имсол ба вуқӯъ пайвандад. Перминов афзуд, дар ивази кайҳоннаварди Қазоқистон намояндаи Русия ё ягон сайёҳи кайҳонӣ парвоз хоҳад кард.