Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5+1 имрӯз дар Лондон гирди ҳам меояд


Интизор меравад, намояндагони 6 қудрати ҷаҳонӣ имрӯз дар Лондон ба хотири баҳси роҳҳои ба қатъи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаияш мутақоид сохтани Эрон ташкили нишаст кунанд. Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, 5 узви доимии Шӯрои Амният бо ҷамъи Олмон ҳар кадом ба нишасти Лондон як дипломати баландпоя хоҳанд фиристод. Дар ин ҳамоиш бастаи имтиёзҳо ва ҳамин тавр, таҳримоти изофии СММ ба хотири пушти музокироти ҳастаӣ баргардондани Эрон баҳс хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG