Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арқоми нав дар бораи қурбониёни заминларзаи Италия


Бар асари заминларза дар Италия дасти кам 50 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора вазири умури дохилаи кишвар Роберто Маронӣ хабар дод. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, миёни қурбониён сайёҳони хориҷӣ низ ҳастанд. Дар ин ҳодиса даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардошта, ҳазорҳо нафар бехонумон шудаанд. Заминларза шаби гузашта дар вилояти кӯҳии Абрутси ва маркази он шаҳри Л’Акуила, дар тақрибан сад километрии пойтахти кишвар - шаҳри Рум рух дод. Ба иттилоъи зилзиласанҷони амрикоӣ, нерӯи заминларза дар маркази офати табиӣ ба 6,3 дараҷаи ҷадвали Рихтер баробар буд.
Айни ҳол дар ҷойи ҳодиса корҳои наҷотбахшӣ идома дорад. Ба сабаби заминларза Силвио Берлусконӣ, нахуствазири Италия, сафари худро ба Маскав лағв кард.
XS
SM
MD
LG