Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирони бритониёвӣ ба Ироқ сафар карданд


Вазири тиҷорат ва соҳибкории Бритониё Питер Манделсон имрӯз вориди Бағдод шуд. Ба иттилоъи сафорати Бритониё дар Ироқ, Манделсон ҳайате иборат аз бист тоҷири бонуфузи кишварро сарварӣ мекунад. Тоҷирон ба ҷуз Бағдод аз шаҳри бандарии Басра ҳам дидан хоҳад кард. Ин гуна ҳайати воломақоми тоҷирони бритониёвӣ бори аввал дар бист соли ахир ба Ироқ сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG