Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи Мақдуния Иванов пирӯз шуд


Мақомоти Мақдуния мегӯянд, дар даври дуввуми интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ номзади муҳофизакорон Георгий Иванов бо касби 63 дарсади оро баранда шуд. Рақиби ӯ аз ҳизби сотсиал-демократ Любомир Фрсковски ба ин тартиб интихоботро мебозад. Мақомоти Мақдуния, ки мехоҳанд ба узвияти НАТО ва ИА бипайванданд, талош доштанд, ин интихоботро ҳаддалимкон оромона доир кунанд. Намояндаи ИА Эрван Фуре гуфта, ки раъйгирӣ ба сурати умум оромона гузашт, вале бархе хилофкориҳо дар ҷараёни он мушоҳида шудаанд.
XS
SM
MD
LG