Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори нирӯҳои хориҷӣ аз 90 000 хоҳад гузашт


Ричард Ҳолбрук, фиристодаи хоси раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар умури Афғонистон, ва фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико адмирал Майк Муллен дар Кобул масоили омодагӣ ба интихоботи моҳи августи раёсатҷумҳурии Афғонистон ва набард алайҳи Толибонро баррасӣ хоҳанд кард. Адмирал Муллен изҳори итминон кард, ки ҳудуди 17 000 сарбози изофии Амрико ҳамин сол ба Афғонистон расида, дар амри фурӯ нишондани муқовимати Толибон дар ҷануби кишвар саҳм хоҳанд гирифт. НАТО низ ҷиҳати ирсоли 3 000 сарбози бештар ба Афғонистон тааҳҳуд супурдааст ва ба ин тартиб, қарор аст, шумори нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон беш аз 90 000 шавад.
XS
SM
MD
LG