Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Обама дар баробари сокинони Прага


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама зимни суханрониаш дар баробари ҳазорҳо нафар дар майдони назди Кохи раёсатҷумҳурии Чех дар шаҳри Прага ба маҳви силоҳи ҳастаӣ даъват кард. Вай дар баробари ҳудудан 30 ҳазор ҳозирин ӯҳдадории Амрикоро дар баробари стратегияи милии коҳиши силоҳи ҳастаӣ баён кард. Вай дар изҳороташ барномаеро оид ба маҳви силоҳи ҳастаӣ ва ҷилавгирӣ аз густариши аслиҳаи ғайриқонунӣ муаррифӣ кард. Обама гуфт, ки ИМА ҳақи маънавӣ дорад, ки чунин як ташаббусро ҳусни оғоз бахшад:

"Ҳамчун танҳо қудрати ҳастаие, ки аз силоҳи атомӣ истифода кардааст, ИМА барои амал кардан ҳақи маънавӣ дорад. Мо батанҳоӣ дар ин талоши худ муваффақ шуда наметавонем, аммо мо метавонем ин талошҳоро раҳбарӣ кунем, мо метавонем шурӯе бубахшем. Аз ин рӯ, имрӯз ман дақиқ ва бо боварии тамом дар бораи ӯҳдадориҳои Амрико дар баробари сулҳ ва амният дар ҷаҳони бидуни силоҳи ҳастаӣ изҳорот медиҳам".

Мақомоти Чех тадбирҳои шадиди амниятиро дар ҷараёни сафари Обама ба Прага андешида парвозҳоро дар ҳарими ҳавоии пойтахт муваққатан манъ кардаанд. Ҳазорҳо нирӯҳои полис ва амниятиҳо дар шаҳр назорат мебаранд. Дар ин сафараш Обама инчунин бо нахуствазири Чех Мирек Тополанек дидору мулоқот хоҳад кард, ки ҳоло раҳбарии давраии Иттиҳодияи Аврупоро ба ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG