Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лев Пономарёв мавриди ҳамла қарор гирифт


Шоми дирӯз дар Маскав афроди ношинос ҳомии ҳуқуқи башар ва раҳбари ҷунбиши “Барои ҳуқуқи инсон”Лев Пономарёвро мавриди лату кӯб қарор доданд. Дар ин бора ҳамраиси ин ҷунбиш Евгений Ихлов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, се марди ношинос ба Лев Пономарёв дар канори манзилаш ҳамла карданд. Табибон вазъи ҳомии ҳуқуқи башарро “сангин” арзёбӣ намуданд. Евгений Ихлов ҳамчунин гуфт, ки ҳамлагарон фақат телефонҳои дастии Пономарёвро бо худ бурдаанд. Евгений Ихлов мутмаин аст, ки ин ҳамла бо фаъолияти касбии Лев Пономарёв робитаи мустақим дорад. Ҳанӯз охирҳои соли гузашта раҳбари ҷунбиши “Барои ҳуқуқи инсон” гуфта буд, ки афроди номаълум ӯро пайваста таъқиб мекунанд.
XS
SM
MD
LG