Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи нерӯҳои Британия аз Ироқ расман оғоз ёфт


Имрӯз хуруҷи нерӯҳои Британия аз Ироқ расман шурӯъ шуд. Ин ҳодиса аломати поёни амалиёти ҳарбӣ дар Ироқ аст, ки шаш сол пеш таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида сар шуда, режими Саддом Ҳусайнро сарнагун карда буд. Тибқи қарордод, ки байни Британия ва Ироқ дар соли 2008 ба имзо расидааст, хуруҷи 4100 сарбози британияӣ моҳи июл ба поён хоҳад расид. Аз оғози ҷанги Ироқ 46 000 сарбози Британия дар ин кишвар хидмат карда, 180 нафари онҳо кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG