Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Моликӣ ба иттиҳоди қавитари давлатҳои араб


Сарвазири Ироқ, Нурӣ ал-Моликӣ дар нишасти сарони Лигаи кишварҳои араб дар Қатар гуфт, ҷудоиҳо дар миёни давлатҳои араб ба Ироқ зарба мезанад. Вай аз мамолики араб даъват кард, дар эҳёи Ироқ саҳми бузургтар бигиранд ва куллан як стратегияи умумииарабӣ омода намоянд. Моликӣ инчунин даъват кард, шумораи ҳарчӣ бештар кишварҳои арабӣ дар Бағдод сафорат боз кунанд ва вомҳои вогузоштаи президенти собиқи Ироқ, Саддом Ҳусейнро лағв кунанд. Аксари давлатҳои араб пас аз ишғол шудани Ироқ аз тарафи нерӯҳои байнулмилалии таҳти сарварии Амрико дар соли 2003 бо нигарониҳои амниятӣ сафоратҳои худро дар Бағдод бастанд.
XS
SM
MD
LG