Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи зудрас дар Черногория идома дорад


Дар Монтенегро ё Черногория интихоботи порламонӣ идома дорад. Райдиҳӣ то соати 21-и вақти Аврупо идома меёбад. Натиҷаҳои назархоҳиҳо гувоҳӣ медиҳад, ки нахуствазир Мило Ҷуканович зоҳиран чаҳор соли дигар раҳбарии кобинаро бар ӯҳда хоҳад гирифт. Ҷуканович дархост кард, ки интихоботи порламонӣ 18 моҳ қабл аз мӯҳлати маъмулӣ баргузор шавад. Вай мегӯяд, барои анҷоми ислоҳот мехоҳад райи эътимод бигирад, то кишварашро ба узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва паймони НАТО омода кунад.

XS
SM
MD
LG