Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ҷасади ду метрӣ дар Кӯлоб дурӯғ баромад


Имрӯз гурӯҳи коршиносон ба раҳбарии Юсуфшоҳ Яъқубов -раиси пажуҳишгоҳи бостоншиносии Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон хабар дар бораи пайдо шудани скелети 2 метрӣ дар қабре дар деҳи Тӯдакаши минтақаи Кӯлобро рад кард. Имрӯз вай дар ин бора аз маҳали гӯри дастаҷамъӣ телефонӣ ба радиои Озодӣ хабар дод. 25-ӯми март Каримҷон Қодирӣ-раиси донишгоҳи Кӯлоб ба хабаргузориҳои Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки дар деҳи Тӯдакаш скелети одаме пайдо шудааст, ки дарозии қадаш 2 метрро ташкил медиҳад ва дар яке аз ангуштони скелет ангуштарини ғайримаъмулӣ дида мешавад. Гурӯҳи бостоншиносон ба раҳбарии Юсуфшоҳ Яъқубов имрӯз барои таҳқиқи ин хабар дар деҳи Тӯдакаш корҳое анҷом дод ва ба хулосае расид, ки дар ин қабр танҳо устухонҳо дафн шудаанд ва устухонҳои дафншуда ба қарни 6-7-ӯми милод, яъне ба давраи Зардуштиён ихтисос дорад. Яъқубов афзуд, устухонҳо далолат мекунад, ки қади соҳибони онҳо маъмулист. Ба гуфтаи бостоншинос, дар он давра, ъне дар давраи қабл аз ислом танҳо устухонҳоро дафн мекарданд ва мисли суннатҳои имрӯзии исломӣ дафн кардани ҷасад ривоҷ набуд.

XS
SM
MD
LG