Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Ватслав Ҳавел аз бинои нави RFE/RL


Президенти пешини Ҷумҳурии Чех, драмнавис ва дигарандеши машҳур, Ватслав Ҳавел, раёсати аввалин ҷаласаи ҳайати таҳририяи RFE/RL - Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодиро дар бинои нави он бар ӯҳда гирифт. Вай аз нақши ин расона дар рушди озодии сухан дар ҷомеаҳои ғайридемократӣ ситоиш кард, аммо афзуд, зарурат ба он дар замони муосир кам нашудааст.

Вай гуфт:"Вазифаи аввалиндараҷаи Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ ин таҳкими ҳувияти он аст, ҳувияти интишори маълумоти озод ва мустақил, шарҳи рӯйдодҳои ҷаҳон ба таври мустақил аз ҳамаи қудратҳо. Ин сабаби ҳастии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодист ва пас аз даҳсолаҳои мавҷудияташ хосияти онро таъмин мекунад ва ин вазифа барои оянда низ боқӣ мондааст."

Пас аз сӯҳбат дар бораи рӯйдодҳои кишварҳое, ки ин расона ба онҳо барнома пахш мекунад, Ҳавел бо кормандони Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, ки аз аввали моҳи феврал ба бинои нав ва махсуси худ кӯчиданд, мулоқот кард ва ба онҳо барори кор хост.
XS
SM
MD
LG