Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқот бо мақоми эронӣ барномарезӣ нашудааст


Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки Ҳиллари Клинтон барномаи амалии мулоқот бо мақомоти эрониро дар ҷараёни нишасти ҳафтаи ояндаи Ҳейг, ки ба вазъи Афғонистон бахшида шудааст, надорад. Аммо вазорати хориҷаи Амрико дар айни замон аз ширкати ҷониби Эрон дар ин ҳамоише, ки рӯзи 31 март бо ташаббуси Вашингтон ташкил мешавад, истиқбол кард. Эрон дирӯз таъйид кард, ки дар ин ҳамоиш намояндаи ин кишвар иштирок хоҳад кард. Аммо бо ин вуҷуд Ҳасани Қашқавӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон гуфт, ки ҳанӯз мушаххас накардааст, ки чӣ касеро барои намояндагӣ аз ин кишвар хоҳад фиристод.
XS
SM
MD
LG