Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ҳамлаҳо ба полис дар Афғонистон


Бар асари ҳамла ба як постгоҳ дар вилояти Ҳилманди Афғонистон нӯҳ корманди полиси маҳаллӣ кушта шуданд. Мақомоти вилоят ҳадс мезананд, ки ҳамла аз сӯи мусаллаҳони Толибон сурат гирифтааст. Дар Ҳилманд мавқеъи Толибон устувор аст ва аз ин рӯ дар ин ҷо теъдоди бузурги нерӯҳои байнулмилалӣ ва низомиёну кормандони полиси афғон мустақаранд.
Дар вилояти Ғазнӣ бошад як мошин бо кормандони полис ба муҳосираи мусаллаҳони мухолифи ҳукумат уфтод. Ба иттилоъи расмӣ, дар ин ҳодиса ҳафт корманди полис ҷароҳат бардоштанд ва чаҳор тан аз ҳамлагарон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG