Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои санади лулаи газ кори бештар мехоҳад


Имрӯз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия натавонист санади пешбинишудаи энержиро бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон имзо кунад. Дар музокирот ҷонибҳо эҳдоси лулаи гази Туркманистон-Русияро баррасӣ карданд, ки аз қаламрави Қазоқистон мегузарад. Медведев гуфт:

"Мо баррасиҳои муфассал доштем, он гуна, ки дар муносиботи мо анъана шудааст, баррасиҳо дар бораи ҳамкорӣ дар бахшҳои сӯхт ва энержӣ, ба шумули иҷрои мувофиқатномаҳои муҳим, мисли мувофиқатномаи дуҷонибаи лулаи гази Хазар ва монанди он".

Сергей Приходко-узви ҳайати ҳамроҳони Медведев гуфт, ихтилофи назар пеш наомадааст, танҳо ин санад бояд барои имзо такмил шавад.
XS
SM
MD
LG