Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стратегияи рушди Русия то соли 2020


Шӯрои амнияти президенти Русия стратегияи нави миллиро баррасӣ кард, ки ҳадафҳои иқтисодиву сиёсии ин кишварро то соли 2020 дар худ ҷо додааст. Раиси ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев гуфт, ки банақшагирии дарозмуддати кор барои рушди босубот ва таъмини амнияти кишвар мусоидат хоҳад кард. Медведев дар нишасти ҳукуматии рӯзи сешанбе гуфт, ки алорағми бӯҳрони иқтисодӣ кишвар бояд ба татбиқи барномаҳои стратегии мазкур шурӯъ кунад. Вай гуфт, ки ин санад масоили иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятиву байналмилалиро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG