Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Авода" ва "Ликуд" ба созиш расиданд


Ҳизби чапгарои “Авода” бо ҳизби ростгарои “Ликуд”, ки дар интихоботи парлумонии Исроил пирӯз шудааст, дар бораи таъсиси Эътилоф созиш ҳосил кард. Музокироти ҳайатҳои ду ҳизб як шабонарӯз идома дошт. Тибқи созиш, “Авода” дар ҳукумати нави Исроил мақомҳои вазири дифоъ, вазири саноату тиҷорат ва вазири таъминоти иҷтимоиро соҳиб хоҳад шуд.

Аз ин пеш раиси ҳизби"Ликуд" Биниамин Нетаняҳу, ки масъулияти таъсиси ҳукумати навро бар дӯш дорад, бо раҳбари эътилофи ростгароҳои радикал Авигдор Либерман дар бораи вуруди ин ҳизб ба эътилофи ҳукмрон ва кобинаи нави вазирон ба тавофуқ расид. Ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки Либерман дар ҳукумати нав мақоми вазири умури хориҷаро ишғол мекунад. Авигдор Либерман аз мухолифони ашадии арабҳо маҳсуб мешавад.

Ва аммо ҳафтаи гузашта музокироти Нетаняҳу ва раҳбари ҳизби марказгарои "Кадима", вазири умури хориҷа Сипи Ливнӣ бидуни натиҷа поён ёфта буд. Кобинаи нави вазирони Исроил бояд то рӯзи 3 апрел ташкил шавад.

XS
SM
MD
LG