Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чин ҳукми эъдоми 1718 муҷрим иҷро шудааст


Созмони “Афви байнулмилал” дар гузориши ахири худ аз коҳиши теъдоди кишварҳое хабар дод, ки он ҷо то ҳол ҳукми эъдом ҷорист. Айрин Хон, дабири кулли “Афви байнулмилал” дар муаррифии гузориши нав гуфт, ки айни ҳол ҳукми қатл фақат дар 59 кишвар амал мекунад. Соли гузашта, аз ҷумла, Аргентина ва Узбакистон дар бораи лағви ҳукми эъдом тасмим гирифтанд. Ҳамзамон ҳукми қатл дар кишварҳое чун Мексика ва Ямайка дубора ҷорӣ шуд. Ба иттилоъи “Афви байнулмилал”, соли гузашта иҷрои ҳукми қатл назар ба як соли пеш афзоиш ёфтааст ва агар соли 2007 дар маҷмӯъ 1252 нафар эъдом шуданд, соли гузашта теъдоди онҳо то ба 2390 нафар расид. Ҳукми қатл аз ҳама бештар дар Чин иҷро шуд – соли гузашта дар ин кишвар 1718 муҷрим кушта шуданд. Дар Эрон ҳукми эъдоми 346 нафар иҷро гардид. Дар Арабистони Саъудӣ 102 кас, дар Покистон 36 тан ва дар Ироқ 34 нафари маҳкум ба эъдом оламро тарк гуфтанд.

XS
SM
MD
LG