Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти аъзои мухолифин дар Гурҷистон


Полиси Гурҷистон чанд узви мухолифинро дирӯз бо иттиҳоми нигаҳдошти аслиҳа боздошт кард ва ин иқдом боиси он шуд, ки раҳбари мухолифин иқдоми полисро чун "як корзори террористӣ" қаламдод кунад. Вазорати дохилаи Гурҷистон гуфт, ки полис бо иттиҳоми нигаҳдошти аслиҳа 10 нафарро боздошт кард ва дар миёни онҳо чанд узви ҷумбиши демократии "Гурҷистони воҳид" ба раҳбарии Нино Бурҷанадзе буданд. Хонум Бурҷанадзе гуфт, ки дар миёни аъзои боздоштшудаи ҳизби вай раиси ин ҳизб дар вилояти Аҷария ва ронандаи ҳамсари ӯ мебошанд. Ҳизби Бурҷанадзе ҳамроҳ бо чанд ҳизби мухолифини дигар ният дорад дар таърихи 9 апрел намоиши эътирозие бо талаби истеъфои раиси ҷумҳурӣ Михаил Саакашвилӣ баргузор кунад. Мухолифин Саакашвилиро дар он муттаҳам мекунанд, ки натавонист ваъдаҳои худро барои бунёди демократия дар Гурҷистон ба иҷро расонад.
XS
SM
MD
LG