Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина ва ИА системаи гази Украинаро баррасӣ мекунанд


Дар Бруссел раҳбарони боломақоми Украина ва Иттиҳодияи Аврупо ба музокирот шурӯъ карданд. Дар ин музокирот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба сармоягузорӣ дар таҷдиди системаи интиқоли гази табиии Украинаро барррасӣ мекунанд. Дар ин музокирот Виктор Юшенко-раиси ҷумҳур ва хонум Юлия Тимошенко-нахуствазири Украина якҷо бо Сергей Шматко-вазири энержии Русия, Хосе Мануел Бароссо-раиси Кумиссиюни Аврупо ва раисони кумиссиюнҳои равобити хориҷӣ, умури энержӣ ва намояндагони муассисаҳои молии байналмиллалӣ ва саноати газ ширкат доранд. Ба нақша гирифта шудааст, ки ширкаткунандагон дар поёни мулоқоти худ эъломияе дар бораи уҳдадориҳои Украина роҷеъ ба ислоҳот дар муқаррароти фаъолияти шабакаҳои газ имзо кунанд.

XS
SM
MD
LG