Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Амрико дар конфронси "Шонгҳой" роҷеъ ба Афғонистон


Амрико гуфтааст, моҳи ҷорӣ як дипломати боломақоми ин кишвар ба Маскав сафар мекунад, то роҷеъ ба мулоқоти гурӯҳи кишварҳои узви Шонгҳой дар бораи Афғонистон дар конфронс ширкат кунад. Роберт Вуд-сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, дипломат Патрик Мун ба нақша гирифтааст, ки 27-ӯми март дар конфронси Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Маскав ҳузур дошта бошад. Дар ин конфронс Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ низ ширкат хоҳад дошт. Созмони Ҳамкории Шонгҳой созмони амниятии байнидавлатист ва дар он кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русияву Чин узвият доранд.

XS
SM
MD
LG