Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти иқтисодии давлатҳои аврупоӣ


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо имрӯз дар Бруссел барои баррасии роҳҳои ҷилавгирӣ аз пастравии иқтисодӣ гирди ҳам меоянд. Дар нишасти дурӯзаи худ раҳбарони кишварҳои аврупоӣ бояд мавқеи ягонаро дар ин масъала дар пешорӯи нишасти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мавсум ба G20, ки моҳи апрел баргузор мешавад, ба намоиш гузоранд. Тибқи хабарҳо, интизор меравад, ки раҳбарони аврупоӣ афзоиши захираҳои молии Сандуқи Байналмилалии Пулро тақозо карда масъалаи эҷоди равобити беҳтар бо бозорҳои молиро баҳс мекунанд, аммо дар айни замон ин кишварҳо ба ихтисоси пулҳои нақди бештар ба иқтисодҳои кишварашон мухолифат нишон медиҳанд. Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки дар давоми ду соли оянда ҳудудан 400 миллиард евроро барои барқарории иқтисодашон ихтисос хоҳанд дод. ИМА мегӯяд, ки ин миқдор маблағ кофӣ нест. Инчунин, эҳтимол меравад, ки ширкатдорони нишасти имрӯза барои ихтисоси 5 миллиард евро маблағ ба тарҳҳои сохторҳои энержии аврупоӣ ризоият хоҳанд дод.
Ҳамчунин, қарор аст дар нишасти Бруссел раҳбарон ташаббуси эҷоди равобити наздиктар бо ҷумҳуриҳои шӯравии пешини мисли Украина, Молдова, Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Беларусро натиҷагирӣ кунанд. Ташаббуси мазкур ҳамкориҳои бештари тиҷоратӣ ва имтиёзҳои марбут ба раводиди сафар бо ин кишварҳоро пешбинӣ мекунад, ки як ҳадафаш аз зери нуфузи Русия берун кашидани ин давлатҳо мебошад.
XS
SM
MD
LG