Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷозеф Фритзл иттиҳомоташро эътироф кард


Ҷозеф Фритзлро тамоми иттиҳомоти нангини ба зиддаш эъломшударо эътироф кард. Ин марди 73-солаи австриягӣ духтарашро 24 сол дар таҳхонае бандӣ ва пайваста ба номусаш таҷовуз мекард ва аз онҳо ҳафт фарзанд ҳам ба дунё омадааст. Пештар аз ин Ҷозеф Фритзл иттиҳоми таҷовуз ба номуси фарзандаш ва бандӣ кардани ӯро эътироф кард, аммо иттиҳоми қатли фарзанди навзодашон ва ғулом кардани духтарашро напазируфта буд. Пас аз дидани навори шаҳодати духтараш дар додгоҳ Ҷозеф Фритзл – тамоми иттиҳомоти эъломшударо эътироф кард. Ба Ҷозеф Фритзл барои ин гуноҳҳои нангинаш ҳабси абад таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG