Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмерт тақозои Ҳамосро рад кард


Эҳуд Олмерт-нахуствазири Исроил гуфт, Исроил тақозои Ҳамосро дар бораи раҳо кардани зиндониён дар ивази сарбози исроилие, ки тақрибан се соли пеш ба асорат даромада буд, намепазирад. Олмерт ин нуктаро зимни суханони телвизюнии худ изҳор дошт. Вай гуфт, Исроил наметавонад ба феҳристи 200 нафар зиндониёне, ки қаблан таҳия шудааст, номи дигаронро ворид кунад. Ин зиндониён бо сержант Гилад Шалит бадал хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG