Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шамшур ба мақоми вазири хориҷаи Украин пешбарӣ шуд


Виктор Юшенко, раисиҷумҳури Украин, номзадии Олег Шамшурро барои ишғоли курсии вазири умури хориҷа ба Верховная Рада пешбарӣ кард. Олег Шамшур – сафири Украин дар ИМА аст. Раҳбари пешини идораи сиёсати берунаи Украин Владимир Огризко 3 март ба қарори парлумони кишвар аз маснад барканор шуда буд. Барои истеъфои ӯ аҳзоби мухолифи ҳукумат – Ҳизби манотиқ ва Ҳизби комунист ва ҳамчунин як теъдод вакилон аз Эътилофи Юлия Тимошенко раъй дода буданд.

XS
SM
MD
LG