Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши теъдоди қурбониёни ҳамла дар Лашкаргоҳ


Тибқи иттилоъи ахир, бар асари ҳамлаи маргталабона дар ҷануби Афғонистон 11 нафар, аз ҷумла, 9 корманди полис кушта шуданд. Қаблан аз ҳалокати 6 нафар хабар дода мешуд. Тақрибан 20 нафари дигар, асосан, кормандони полис ҷароҳат бардоштанд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, маргталаб дар либоис корманди полис талош кард, ки ба бинои Раёсати марказии полис дар шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд ворид шавад. Муҳофизон ӯро боздошт карданд ва ҳамин лаҳза маргталаб “камарбанди шаҳид”-ро мунфаҷир намуд.

Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Фараҳ, воқеъ дар ҷанубу ғарби Афғонистон, аз ҳамин гуна ҳамла ҷилавгирӣ шуд. Маргталаб дар ҳоле ҳадафи тир қарор гирифт, ки мехост ба бинои қароргоҳи полис ворид шавад.

XS
SM
MD
LG