Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи журналисти кафшандоз аз сар гирифта шуд


Имрӯз дар Бағдод муҳокимаи журналисти ироқӣ, ки кафшҳои худро ба тарафи собиқ раисиҷмуҳури Амрико, Ҷорҷ Буш, партофта буд, идома кард. Мунтазир ал-Зайдӣ дар ҳамла ба раҳбари давлати хориҷӣ айбдор мешавад ва дар сурати исботи ҷурм метавонад, ба 15 соли зиндон маҳкум гардад. Муҳокима дар моҳи феврал сар шуда, барои он ба таъхир афтода буд, то ба мақомот имкон диҳад, ки сафари расмӣ будани боздиди Бушро аз Бағдод дар моҳи декабри соли 2008 муаян кунанд. Вакилони журналисти телевизион, аз додгоҳ даъват кардаанд, ки Зайдӣ озод карда шавад, зеро, ба гуфтаи вакил, кафшандозии ӯ дар нишасти хабарӣ як эътирози лаҳзаинаи хашмолуд буда, ҳадаф осеб расондан ба Буш набуд. Кафшҳо, ки бо нидоҳои дашномомез патроб шуданд, ба Буш нарасиданд.
XS
SM
MD
LG