Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар радифи кишварҳои "ноозод"


Созмони “Хонаи Озодӣ” мегӯяд, Тоҷикистон дар соли 2008 ҳам кишвари "ноозод" боқӣ мондааст. Ин созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқи инсон бо арзёбии вазъи озодӣ дар кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро дар радифи 42 кишвари “ноозод”-и ҷаҳон қарор додааст. "Хонаи Озодӣ", ки ҳар сол феҳрасти кишварҳои озоду ноозоди ҷаҳонро таҳия мекунад, аз миёни 193 кишвар, 89-тои онҳоро "озод", 62 кишварро "нимаозод" арзёбӣ кардааст. Меъёрҳое, ки созмон бар асоси он кишварҳои ҷаҳонро табақабандӣ мекунад ин аст: баҳрамандии мардум аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, озодиҳои сиёсӣ, орӣ будани ҳукумат аз фасодкорӣ, масъулияти он дар назди шаҳрвандон волоияти қонун, озодии баёну эътиқод, баҳрамандӣ аз ҳуқуқи эътирозу ҷамъомад ва ҳуқуқи фардӣ. “Хонаи Озодӣ” ба Тоҷикистон аз назари риояти озодиҳои сиёсӣ 6 ва мурооти озодиҳои шаҳрвандӣ 5 баҳо додааст, ки баҳои манфӣ ба ҳисоб мераванд. Бадтарин баҳои созмон баҳои 7 ҳаст, ки ба Ӯзбакистону Туркманистон гузоштааст. "Хонаи Озодӣ" аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Қирғизистонро кишвари "нимаозод" арзёбӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG