Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ташаннуҷ дар нимҷазираи Корея


Кореяи Шимолӣ мегӯяд, ба муносибати размоишҳои муштараки Кореяи Ҷанубӣ ва Иёлоти Муттаҳида нерӯҳои мусаллаҳи худро ба ҳолати омодабош овардааст. Кореяи Шимолӣ ҳамчунин гуфтааст, ҳадаф гирифтани моҳвораи он як амали эълони ҷанг шумурда хоҳад шуд. Кореяи Ҷанубӣ ва Иёлоти Муттаҳида ба ин боваранд, ки Пхенян бо баҳонаи партоби моҳвора мехоҳад, мушаки дурпарвози худро озмоиш кунад. Ҳафтаи гузашта Кореяи Шимолӣ ҳушдор дод, ки амнияти парвози ҳавопаймоҳои мулкии Кореяи Ҷанубиро дар ҳарими соҳилҳои шарқияш замонат намедиҳад. Ин эъломия сабаби тағйири масири парвози чандин ширкатҳои ҳавопаймоӣ гардид. Дар размоишҳои 12-рӯза наздик ба 50 000 сарбози Иёлоти Муттаҳида ва Кореяи Ҷанубӣ ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG