Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Людмила Алексеева: ҳуқуқи занҳои рус нақз мешавад


Ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия ба боло рафтани нақзи ҳуқуқи занон дар кишвар ишора мекунанд. Людмила Алексеева, раҳбари Гурӯҳи Ҳелсинкӣ (Маскав) ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки бо далели бӯҳрони молӣ занҳоро бештар аз кор меронанд, дар кишвар хушунати хонаводагӣ мавҷуд аст, ки онро дар Русия ба феҳристи ҷурму ҷиноёт шомил накардаанд. Ҳамзамон ба гуфтаи Людмила Алексеева, дар қиёс бо замони шӯравӣ вазъи бонувон беҳтар шудааст – теъдоди занони сиёсатмадор афзоиш ёфта, онҳо имкони тиҷорат ва кор дар созмонҳои ғайриҳукуматиро пайдо кардаанд – ин ду бахш дар Иттиҳоди шӯравӣ аслан мавҷуд набуд.

XS
SM
MD
LG