Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон ва Лавров имрӯз мулоқот доранд


Вузарои хориҷаи Амрикову Русия Ҳилларӣ Клинтон ва Сергей Лавров шоми ҷумъа дар Женева мулоқот мекунанд. Ин нахустин мулоқоти байни ду кишвар дар чунин сатҳи аз замони дар моҳи январ ба курсии раёсати ҷумҳурии Амрико нишастани Барак Обама буда, интизор меравад, Клинтон ва Лавров масоили марбут ба вазъи Афғонистон, ҳамкории Русия бо Эрон ва назорат бар таслиҳотро баҳс кунанд. Ин мулоқот ҳамагӣ як рӯз қабл аз нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои узви паймони низомии НАТО сурат мегирад. Вузарои НАТО, бо шумули Ҳилларӣ Клинтон, ҷиҳати азсаргирии равобит бо Русия тавофуқ карданд. Ин равобит ба дунболи ҷанги моҳи август миёни Русияву Гурҷистон мутаваққиф шуда буд.
XS
SM
MD
LG