Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатти ҳавоии Душанбе - Тошканд боз фаъол мешавад


Ба зудӣ иртиботи ҳавоӣ байни Душанбеву Тошканд, пойтахтҳои Тоҷикистону Узбакистон аз сар гирифта хоҳад шуд. Назира Давлатова, сухангӯи ширкати “ТоҷикЭйр” гуфт, ин тавофуқ дар ҷараёни музокироти намояндагони ин ширкат бо намояндагони “Узбекистон ҳаво йӯлларӣ” дар Тошканд ба даст омадааст. Иртиботи ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон ҳанӯз соли 1992 қатъ шуд. Соли 2000 ду кишвар ҷиҳати азсаргирии парвозҳо дар хаттисайри Душанбе –Тошканд тавофуқ карданд, вале дар пайи анҷоми ҳамагӣ як парвоз парвозҳо дар ин хаттисайр дубора қатъ шуданд.
XS
SM
MD
LG