Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафсири Қонуни нави дини Тоҷикистон


Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон қонуни нави динро ба тасвиб расонид. Хабаргузориҳо ин қонунро санади ба маҳзаби расмии Тоҷикистон табдил додани ҳанафия номиданд. Қонун ҳамчунин фарохонӣ ба дин ва таълими дин бидуни муҷаввизи расмиро манъ мекунад. Дар посух ба эҳтимоли таъини бартарӣ ба як мазҳаб Сайидбек Маҳмадуллоев, як масъули раёсати умури дин дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, мегӯяд, ин маънии расмӣ шудани мазҳаби ҳанафӣ дар Тоҷикистонро надорад. Вай мегӯяд, танҳо дар ин қонуни нав мақомот ба мазҳаби ҳанафӣ, ки бештар аз навад дарсади сокинони Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, таваҷҷӯҳи бештар қоил шудааст. Ҷузъиёти ин хабарро дар идомаи барнома хоҳед шунид.
XS
SM
MD
LG