Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Караҷич боз ҳам иттиҳомоти Додгоҳро қабул накард


Раҳбари пешини сербҳои Боснӣ Радован Караҷич аз посух ба иттиҳомоти тағйирхурда аз сӯи Додгоҳи ҷиноёти низомии Ҳейг ваё Гаага оид ба Югославияи собиқ сарпечӣ кард. Тибқи муқаррароти додгоҳ, сарпечӣ аз посух маънии эътироф накардани гуноҳи худро дорад. Аз ин рӯ, акнун Додгоҳ бояд рӯзи шурӯъи бозрасии парвандаи Караҷичро мушаххас кунад.

Раҳбари пешини сербҳои Боснӣ, ки соли гузашта боздошт ва ба Гаага истирдод шуда буд, дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла, наслкӯшӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият, ба шумули куштори 8 ҳазор мусалмонҳо дар шаҳри Сребретинса дар соли 1995 айбдор мешавад.

XS
SM
MD
LG