Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 миллиард доллар барои наҷоти ширкати AIG


Иёлоти Муттаҳида боз 30 миллиард доллари дигар ба ҳайси кӯмак ба яке аз бузургтарин ширкатҳои бимаи Амрико, AIG - American International Group, медиҳад, то онро аз зери фишори бӯҳрон берун кашад. Ин эълон дар ҳоле садо дод, ки ширкати мазкур аз зиёни молияш дар семоҳаи чаҳорум дар ҳаҷми 61 миллиарду 700 миллион доллар хабар дод. Ин бузургтарин бохти як ширкат дар таърихи Амрико мебошад. Дар ин байн, дар Лондон бузургтарин бонки Аврупо HSBC гуфт, даромади он дар ҳоли фурӯпошист ва биноан ба 18 миллиард доллар саҳмия хоҳад фурӯхт, ки калонтарин пешниҳоди саҳмия дар Бритониё мебошад. Ин ду хабар ба вазъи саҳҳом дар бозори бурси Ню Йорк таъсири манфӣ расонданд.
XS
SM
MD
LG