Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адмирал Муллен: "Захираи Эрон барои бомб кофист"


Адмирал Майк Муллен, фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико, имрӯз гуфт, кишвараш мутмаин аст, ки Эрон миқдори барои сохтани бомби ҳастаӣ кофии маводи сӯхти ҳастаиро захира кардааст. Адмирал Муллен дар телевизиони СНН гуфт, Эрони соҳиби таслиҳоти ҳастаӣ барои ҷаҳон оқибати “хеле ва хеле бад” дорад. Вошингтон Эронро айбдор мекунад, ки мехоҳад бо пешбурди барномаҳои ҳастаӣ ба сохтани силоҳҳои ҳастаӣ даст биёбад. Теҳрон инро ҳамеша радд мекунад ва мегӯяд, барномаҳои ҳастаияш комилан мусолиматомез буда, ба хотири тавлиди нирӯи барқи ҳастаист.
XS
SM
MD
LG